Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 12

Юҳанно 12:2-39

Help us?
Click on verse(s) to share them!
2Ба шарафи Ӯ зиёфат барпо карданд. Марто хизмат мекард ва Лаъзор бо ҳамроҳии Исо ва меҳмонони дигар дар сари дастархон нишаста буд.
3Марям бошад, як шишаи атри ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯйи муаттар фаро гирифт.
4Ҳамин вақт Яҳудои Исқарют, яке аз шогирдон, ки дар оянда ба Исо хиёнат мекунад, гуфт:
5«Чаро ин атр ба сесад динор фурӯхта, пули он ба камбағалон тақсим карда нашуд?»
6(Ӯ хазинадор буд ва барои манфиати худ аз он ҷо пул мегирифт. Бинобар ин ӯ на аз сабаби ғами камбағалонро хӯрдан, балки аз барои дузд буданаш он суханонро гуфт).
7Вале Исо дар ҷавоб гуфт: «Марямро ором гузор! Бимон, ки атрро барои рӯзи дафни Ман нигаҳ дорад.
8Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман ҳамеша бо шумо намемонам».
9Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байт-Ҳинӣ будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Лаъзор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд.
10Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ қарор доданд, ки Лаъзорро ҳам бикушанд,
11зеро аз барои ӯ мардуми зиёди Яҳудия аз онҳо рӯ гардонда, ба Исо имон меоварданд.
12Рӯзи дигар мардуми сершуморе, ки ба ид омада буданд, шуниданд, ки Исо ба Ерусалим омада истодааст.
13Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд: «Шаъну шараф ба Худо! Баракат ёбад касе, ки аз номи Худованд меояд ва Шоҳи Исроил аст!»
14Исо харкуррае ёфта, ба он савор шуд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст:
15«Натарс, эй шаҳри Ерусалим! Ана, Шоҳи ту савораи харкурра омада истодааст».
16Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шӯҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод.
17Мардуме, ки дар ҳузурашон Исо Лаъзори мурдаро аз қабр ҷеғ зада, зинда карда буд, паҳн кардани ин хабарро давом медоданд.
18Аз сабаби шунидани ин мӯъҷиза тӯда-тӯда одамон ба пешвози Ӯ баромаданд.
19Аммо фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Медонед, аз дастамон ҳеҷ коре намеояд! Ана бинед, тамоми ҷаҳон аз пайи Ӯ меравад!»
20Дар байни онҳое, ки барои саҷдаи Худо ба ид омада буданд, юнониҳо ҳам буданд.
21Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем».
22Филиппус рафта, инро ба Андриёс хабар доду баъд ҳардуяшон рафта, ба Исо гуфтанд.
23Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шӯҳрату ҷалоли Фарзанди Инсон ошкор гардад!
24Ба шумо рост мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад — ҳосили зиёд меоварад.
25Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад ва касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад.
26Ҳар кӣ ба Ман хизмат кунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат кунад, Падарам сарфароз менамояд.
27Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам!
28Эй Падар, номи худро шӯҳрат деҳ!» Он гоҳ аз осмон садое шунида шуд: «Аллакай шӯҳрат додам ва боз ҳам шӯҳрати бештар медиҳам!»
29Тӯдаи мардум, ки дар он ҷо истода буданд, ин овозро шунида, баъзеашон гуфтанд, ки ин ғурриши раъд буд, дигарон гуфтанд, ки фариштае ба Ӯ сухан гуфт.
30Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин садо на ба хотири Ман, балки ба хотири шумо буд!
31Акнун вақти ҳукм шудани ин ҷаҳон аст, ҳоло ҳукмрони ин ҷаҳон берун ронда мешавад!
32Вақте ки Ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳамаро ба сӯи худ мекашам!»
33Бо ин суханон Ӯ ишора мекард, ки чӣ тарз ҷон медиҳад.
34Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз шариат медонем, ки Таъиншудаи Худо то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯӣ, ки Фарзанди Инсон бояд боло бардошта шавад? Охир, Фарзанди Инсон кист?»
35Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе равшанӣ бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки равшанӣ доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, ҷои мерафтагиашро намедонад.
36Пас, ҳанӯз ки равшанӣ бо шумост, ба он имон биёваред, то ки писарони равшанӣ шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафту аз назари онҳо ғоиб шуд.
37Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд.
38Ишаъё пайғамбар гуфта буд: «Эй Худованд, кӣ ба паёми мо бовар кардааст? Ба кӣ қудрати Худо ошкор гардидааст?» Ин пешгӯӣ ҳамин тавр иҷро шуд.
39Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд:

Read Юҳанно 12Юҳанно 12
Compare Юҳанно 12:2-39Юҳанно 12:2-39