Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 5

Луқо 5:4-23

Help us?
Click on verse(s) to share them!
4Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба мобайни кӯл бирон ва барои сайд тӯрҳоятонро ба об андозед».
5Шимъӯн ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале азбаски шумо мефармоед, ҳоло тӯрро ба об меандозем».
6Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки қариб буд тӯрҳояшон канда шаванд.
7Пас, Шимъӯн ва рафиқонаш ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд.
8Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам».
9Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори ба дастовардаашон ба ҳайрат афтода буданд.
10Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард».
11Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро як сӯ гузошта, Исоро пайравӣ карданд.
12Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марди гирифтори касалии махав буд. Он махав Исоро дида, сар ба пои Ӯ ниҳоду илтимос кард: «Худовандо, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».
13Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва касалии махав нест шуд.
14Баъд Исо ба ӯ таъкид карда гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».
15Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд. Барои шифо ёфтан аз бемориҳо ва шунидани сухани Ӯ шумораи зиёди мардум дар атрофи Исо ҷамъ меомаданд.
16Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷои хилват мерафт.
17Рӯзе Исо машғули таълим буд. Фарисиён ва шариатдононе, ки аз тамоми деҳоти Ҷалил, аз Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди Ӯ нишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд.
18Ҳамин вақт чанд нафаре марди шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба даруни хона дароварда, дар пеши Исо гузоранд,
19вале аз сабаби бисёр будани мардум барои даровардани ӯ роҳе наёфтанд. Бинобар ин ба болои хона баромада, аз миёни сафолҳои бом шалро бо ҷойгаҳаш ба даруни хона, ба миёни мардум, пеши Исо фароварданд.
20Исо имони онҳоро дида, ба он шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
21Вале шариатдонону фарисиён ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки суханони кофирона мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?»
22Исо бошад, аз фикри онҳо дарак ёфта ҷавоб дод: «Чаро дар дилҳоятон чунин фикрҳо доред?
23Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“?

Read Луқо 5Луқо 5
Compare Луқо 5:4-23Луқо 5:4-23