Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 16

Луқо 16:8-18

Help us?
Click on verse(s) to share them!
8Вале хоҷааш назоратчии қаллобро таъриф кард, ки зиракиашро ба кор бурда, чунин кардааст. Охир одамони ин дунё дар муносибат бо онҳое, ки мисли худашон ҳастанд, назар ба одамони нур, ки аз они подшоҳии Худо ҳастанд, оқилтаранд.
9Пас, Ман ба шумо мегӯям: Пулу моли ин дунёро ба он сарф намоед, ки барои худ дӯстонро пайдо бикунед, то дар вақти тамом шудани бойигариатон онҳо шуморо дар хонаҳои абадӣ қабул кунанд.
10Касе, ки дар иҷрои вазифаи майда вафодор бошад, дар иҷрои вазифаи калон ҳам вафодор мемонад. Ҳамчунин касе, ки дар иҷрои кори ночиз беинсоф бошад, дар иҷрои кори муҳим ҳам беинсофӣ мекунад.
11Пас, агар ба шумо бойигарии ин дунёро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо бойигарии ҳақиқиро боварӣ мекунад?
12Ва агар ба шумо бойигарии шахси бегонаро боварӣ карда нашавад, кӣ ба шумо меросатонро медиҳад?
13Ҳеҷ хизматгор якбора ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад, ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул».
14Фарисиён, ки пулпараст буданд, ҳамаи инро шунида, Исоро масхара карданд.
15Вале Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳамон одамоне ҳастед, ки худро дар пеши мардум беайб нишон медиҳед, лекин Худо аз дилҳои шумо бохабар аст. Чизеро, ки одамон олидараҷа мешуморанд, дар назари Худо нафратовар аст.
16Шариати Мӯсо ва навиштаҳои пайғамбарон то замони Яҳёи Таъмиддиҳанда амал мекарданд. Аз вақти Яҳё сар карда подшоҳии Худо эълон карда мешаваду ҳама кӯшиш мекунанд, ки зӯр зада вориди он гарданд.
17Вале нест шудани замину осмон осонтар аз он, ки ҳатто нуқтае аз ин қонун бекор карда шавад.
18Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро ба занӣ гирад, гуноҳи алоқаи беникоҳро мекунад ва ҳар кӣ зани талоқшударо ба занӣ гирад, низ ҳамон гуноҳро содир мекунад.

Read Луқо 16Луқо 16
Compare Луқо 16:8-18Луқо 16:8-18