Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 15

Луқо 15:11-29

Help us?
Click on verse(s) to share them!
11Боз гуфт: «Марде ду писар дошт.
12Писари хурдӣ ба падараш гуфт: „Он қисми молу мулкеро, ки насиби ман аст, ба ман бидеҳ“ ва падар ҳама чизеро, ки дошт, ба ҳарду писараш тақсим кард.
13Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ чизу чораашро ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт. Дар он ҷо ӯ тамоми бойигариашро беҳуда ба айшу ишрат сарф кард.
14Баъд аз он ки ҳамаи бойигариашро барбод дод, дар он сарзамин қаҳтии сахте ба амал омад ва ӯ ба мӯҳтоҷӣ дучор шуд.
15Сипас рафта хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд ва он мард ӯро ба замини худ фиристод, то ки хукбонӣ кунад.
16Азбаски ба ӯ чизи хӯрданӣ намедоданд, вай тайёр буд, шикамашро бо еме, ки хукҳо мехӯрданд, пур кунад.
17Оқибат вай ба худ омада гуфт: „Падарам хизматгорони бисёре дорад ва ҳамаи онҳо нони фаровон ва ҳатто зиёдатӣ доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ мемирам!
18Рафта ба назди падарам бармегардаму ба вай мегӯям: «Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам
19ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам. Маро ҳамчун яке аз хизматгоронатон қабул кунед»“.
20Пас ӯ хеста ба хонаи падараш равона шуд. Вай ҳанӯз хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, ба ҳоли писараш раҳмаш омад ва давида рафту фарзандашро ба оғӯшаш кашида, бӯса кард.
21Писар ба вай гуфт: „Падарҷон! Ман дар пеши Худову шумо гунаҳкорам ва дигар лоиқи он нестам, ки писари шумо бошам“.
22Аммо падар ба хизматгоронаш гуфт: „Зудтар ҷомаи беҳтаринро оварда, ба ӯ пӯшонед. Ба дасташ ангуштарин ва ба пойҳояш пойафзол пӯшонед.
23Гӯсолаи боникардаро биёреду сар бибуред; мехӯрему хурсандӣ мекунем!
24Охир ин писарам мурда буд ва ҳоло зинда шуд, гумшуда буду ёфт шуд“. Пас онҳо ҷашне оростанд.
25Ҳамин вақт писари калонӣ дар киштзор буд. Ҳангоми баргаштан вай ба хона наздик шуда, садои мусиқӣ ва рақсу бозиро шунид.
26Пас яке аз хизматгоронро ҷеғ зада пурсид, ки дар он ҷо чӣ воқеа рӯй дода истодааст?
27Хизматгор ба ӯ ҷавоб дод: „Бародаратон баргашт ва чун падаратон ӯро зиндаву саломат дид, гӯсолаи боникардаро сар бурид“.
28Бародари калониро чунон қаҳраш омад, ки нахост ба хона дарояд. Он гоҳ падараш берун баромада, ӯро розӣ кунонданӣ шуд.
29Вай бошад, ба падараш чунин ҷавоб дод: „Чандин сол аст, ки ман ба шумо хизмат мекунам ва ҳеҷ вақт аз гуфтаатон берун набаромадаам, шумо бошед, ягон бор ба ман ҳатто бузғолачаеро ҳам надодед, ки бо дӯстонам хурсандӣ карда тавонам.

Read Луқо 15Луқо 15
Compare Луқо 15:11-29Луқо 15:11-29